"ХУДОЁ, ОБОД КУН ВАХЁИ МОРО"
Ин тарона, ки соли 1990 дар дили кӯҳистони Вахё, дар сафари бозгашти падари азизи мо Султони Ҳамад ба зодгоҳаш таваллуд шудааст, на танҳо як шеър, балки як эҳсоси зинда ва як орзуи ширин аст. Вахё, ин гӯшаи ҷовидонии Тоҷикистони азиз, ки дар тӯли солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ муҳоҷират, харобӣ ва фаромӯширо дида буд, дар дили ин шеър ҷон мегирад. Султони Ҳамад бо дидаи пурмеҳр ва дили пурдарди худ, аз Ёнур то марқади ҳазрати Бурх, ҳар як деҳаро ба ном мегирад ва дарди харобию орзуи ободиро бо лаҳни ширин ба назм мекашад: "Худоё, шод кун Вахёи моро, Зи нав обод кун Вахёи моро. Гирифторем дар банди ҷудоӣ, Зи ҳаҷр озод кун Вахёи моро." Дар ин сатрҳо ҳам дарди муҳоҷират ва ҳам умеди бозгашт бо ҳам омехта шудаанд. Аммо ин танҳо як нигоҳ ба гузашта нест, балки як дуъои самимӣ барои оянда аст. Хушбахтона, имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва талошҳои бепоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин орзуҳо ҷомаи амал мепӯшанд. Вахё, дар қатори дигар шаҳру ноҳия ва минтақаҳои кишвар, аз нав обод шуда истодааст: "Аё марди ватандори Шпилюн, Ҳама рӯзи ту хуш боду ҳумоюн." Ин тарона садои дили он мардумест, ки зодгоҳашонро чун ҷон дӯст медоранд. Дӯст доштани зодгоҳ поя ва пойдевори дӯст доштани Ватан аст. Он дар асл, як эҳсос аст, ки аз хурд ба бузург мерасад: аз як гушаи хок, ба тамоми сарзамин, аз як деҳа ба тамоми кишвар. Ин муҳаббат на танҳо дар шеър, балки дар дили ҳар фарди тоҷик зинда аст. Ватан аз зодгоҳҳои бешумори хурд иборат аст. Ҳар кас зодгоҳи худро дӯст медорад, зеро он ҷои аввалин пайванд бо хок, об, ҳаво ва инсонҳост. Ин муҳаббат таваллуд мешавад, рӯшд мекунад ва ба муҳаббати тамоми сарзамин табдил меёбад. Ба ибораи дигар, зодгоҳ "чакомаи" муҳаббати Ватан аст. Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ин таронаро таҳрир намуда, ба он завқу салиқаи баланди бадеӣ бахшидааст. Биёед ин садои покро бишносем ва якҷо бо шоир дуъо кунем: "Худоё, обод кун Вахёи моро! то ки ин гӯшаи биҳиштосои Ватан ҳамчун рамзи субот, ваҳдат ва зебоӣ то абад дурахшад. PS: Бо шарофати технологияҳои навин, имрӯз шароите фароҳам омад, ки порчае аз ин тарона тавассути ҳуши маснуъӣ бо риштаи мусиқӣ ороста гардад. Меҳнат хоҳем кашид, то дар оянда тамоми ин таронаро пурра ба забонҳои нотиқ оварем ва садояш ба ҳар кунҷи Вахё ва берун аз он бирасад. “Рӯзгор”